Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Кафедраи математика ва технологияи компутерӣ

Кафедра соли 2004 таъсис ёфта тахассусӣ мебошад ва тайёр намудани мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 0719 "Cистемаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт" ба ӯҳда дорад. Мувофиқи самти фаъолият кафедра ба тадриси фанҳои марбут ба системаҳои иттилоотӣ, математикаи олӣ, физика ва консепсияҳои табиатшиносии муосир машғул аст. Устодони кафедра аз рӯи 28 номгӯи фанҳо машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ мегузаронанд. Фанҳои асосии таълимӣ зеринҳоянд: математика; информатика; технологияи компутерӣ; мошинҳои ҳисоббарор, шабака ва системаҳои телекоммуникатсия; технологияҳои иттилоотӣ дар тиҷорат, идора ва фаъолияти бонкӣ; асосҳои алгоритмонӣ ва забонҳои барномасозӣ; базаи маълумот ва донишҳо; моделонии просессҳои иқтисодӣ ва ғайра.

Дар кафедра 16 нафар кормандони муқимӣ ва 6 нафар кормандони муштараквазифа фаъолият доранд. Профессор Байзоев А., Шарипов А.Қ, АбдуллоевҒ., Сатторов А.Қ, Ҷабборов У.А., Иброҳимов И.И., Абдуллоев А., Мирбобоев М.Қ, сармуаллимон Негматов М.Т., Усмонов Х.Я., Раҷабов Р.О., Ғаффоров К.Ҷ, Мамадалиева Г.Т. аз ҷумлаи онҳоянд.

Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар мавзӯи «Проблемаҳои компутеронии идораи системаҳои иттилоотӣ ва татбиқи ин системаҳо дар иқтисодиёт, сохтани системаҳои автоматонидашуда, проблемаҳои консептуалии табиатшиносӣ ва методикаи таълими математикаи олӣ барои иқтисоддонон» -ро дар бар мегирад.

Дар давоми солҳои фаъолият устодони кафедра зиёда аз 30 дастур ва нишондодҳои таълимӣ, таълимию методӣ, барномаҳои намунавии таълимӣ ва таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолиро таҳия ва чоп намудаанд, аз ҷумла:

•  Ғаффоров А. Ғ. «Консепсияҳои табиатшиносии муосир», Хуҷанд, 1999.

•  Ғаффоров А.Ғ. Барномаи намунавӣ аз фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир», Душанбе, 2007.

•  Ғаффоров К., Иброҳимов И. «Практикум по информатике» Хужанд 2007

•  Ғаффоров К., Иброҳимов И. Методическое указания по выполнению лабораторных работ по курсу «Информатика», Хуҷанд, 2005.

•  Шарипов А.Қ, Усмонов Х.Я. Программа производственной информационно – экономической практики для специальности 0719, Худжанд, 2008

Дар кафедра семинари илмию методӣ ва маьфилҳои илмии донишҷӯён «Математика – забони илмҳо» ва «Технологияи компутерӣ» амал мекунад.

Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Ғаффоров А.Ғ. ба ӯҳда дорад.

 

 

 

 

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz