Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

ҲИСОБОТ
оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ
  Фаъолияти илми-тадқиқотии профессорону омӯзгорони Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ

            Ифшои ҳақиқатро илм, ифшогарро олим меноманд.
            Пайвастани илм ба амал талаби аслии ҷустуҷӯ, тадқиқу таҳқиқ махсуб гаштааст. Мактаби олӣ, билхоса донишгоҳ маконест, ки илм меҳвари таълиму тарбия қарор мегирад. Муаллими донишгоҳ бояд олим, муьаққиқ бошад, набзи он бахши донишро, ки таълим медиҳад, дарк карда тавонад. Ба ифшои гиреҳҳои он илм биандозад, роҳу усули ифшоро худ бидонад ва ба шогирдон бифаҳмонад. Дар донишгоҳ равандҳо ва муаммоҳои муҳими илм ҳатман бояд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор бигирад.
             Ба ақидаи мо, чаҳор чиз омили эътибори донишгоҳ мегардад. Якум, иқтидори моддию техникии қавӣ; дуюм, сафи олимони маъруф, ки эҷодкору ташаббускору фидоӣ бошанд; сеюм, консепсияи мушаххаси инкишофи илм, ки раванду муаммоҳои муҳимро фарогир бошад; чоҳорум, пайваста баргузор шуда истодани муҳити баҳсу муколама – конфронсҳои илмӣ.
             Агар ҳамин чаҳор замина дар донишгоҳ мавҷуд бошад, сифати таълим, мақоми донишгоҳ, иқтидори фикрии он, даромади иқтисодиаш рӯ ба рушд хоҳад ниҳод. Дар акси ҳол, номи донишгоҳ ба лавҳаи ном нағунҷида мемонад, ки ин аломати касодист.
             Кори илмӣ-тадқиқотӣ дар КЯТ аз ҷониби қисми илмӣ роҳбарӣ ва назорату натиҷагирӣ карда мешавад, ки дар соли 2008 сардории он ба ӯҳдаи олими варзидаи илми иқтисод, муовини ноиб-ректори ДДТТ, профессор Усмонов И.У. вогузор гардид.
             Ҳайъати профессорону омӯзгорони КЯТ ДДТТ дар баробари адои вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар соли 2008 фаъолияти пурсамари илмиву тадқиқотӣ бурданд. Дар 8 кафедраҳои таълимгоҳ 5 нафар докторону профессорон ва 47 нафар номзадҳои илм оид ба риштаҳои мухталифи илм тадқиқот бурданд. Проблемаҳои илмие, ки дар таҳқиқу баррасии онҳо устодони мо машғуланд, бевосита ба такмили раванди таълиму тарбия дар таълимгоҳ равона карда шудааст. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини дастовардҳои илмии кормандон дар ҷараёни истеҳсолот, илм ва таълим ҷорӣ кардани онҳо мебошад. Ин имконият медиҳад, ки дастовардҳои умдатарин дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд, таҳқиқотҳои илмӣ самти тоза касб намоянд ва донишҷӯён аз дастовардҳои илмии олимон баҳравар гарданд.
             Қисми илмии таълимгоҳ бо донишҷӯёни лаёқатманде, ки ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мароқ зоҳир мекунанд, кор мебарад. Барои ин дар назди кафедраҳо маҳфилҳои илмӣ амал мекунанд, ки дар онҳо донишҷӯён малака ва маҳорати илмии худро бо роҳбарии устодон сайқал медиҳанд, дар иҷрои нақшаҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ширкат меварзанд, рисолаҳои дипломӣ тайёр менамоянд ва минбаъд ба шоҳроҳи васеи илм қадам мегузоранд.
             Дар соли 2008 Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ корҳои илмӣ-тадқиқотии хешро чунин натиҷагирӣ намуд:
             1. Самти корҳои илмӣ-тадқиқотии профессорону омӯзгорон дар соли 2008 аз рӯи мавзӯи умумидонишгоҳӣ «Ташаккул ва рушди бозори молҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон» ҷараён дошт. Дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 128 нафар профессорону омӯзгорон иштирок карданд, ки аз онҳо 52 нафар кормандони унвондор, аз он ҷумла 5 нафар докторон (2 нафар илмҳои иқтисод, 1 нафар илмҳои физика-математика, 1 нафар илмҳои таърих, 1 нафар илмҳои филологӣ) ва 47 нафар номзадони илм мебошанд. Кафедраҳои Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар соли 2008 аз рӯи мавзӯҳои илмии тасдиқкардашуда корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурдаанд, ки номгӯи мавзӯъои илмӣ дар расми 1 акси худро ёфтааст.
             2. Мувофиқи нақшаи стратегии тайёр кардани кадрҳои унвондор (2008-2015) дар Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар соли 2008-ум мебоист як нафар доктори илмҳои иқтисод ва 2 нафар номзади илмҳои иқтисод ҳимоя намоянд, лекин бо сабабҳои узрнок, яъне муваққатан фаъолият надоштани Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар ш. Душанбе ва докторӣ дар ш. Новосибирск ҳимояи ин рисолаҳо мавқуф гузошта шудаанд.
             3. Аз буҷаи давлат барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то имрӯз маблағ ҷудо карда нашудааст.
             4. Кадрҳои унвондори илмию педагогӣ дар Комплекси ягонаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр карда мешаванд:
             1) 08.00.01. – Назарияи иқтисод
             2) 08.00.05. – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ
             3) 12.00.03. – Ҳуқуқи гражданӣ
             4) 07.00.02. – Таърихи Тоҷикистон          
            
5) 13.00.01. – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика
            6) 10.02.20. – Сравнительное историческое, типологическое и сопоставительное языкознание.
            5. Дар Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ мутахассисони зерини соҳаи савдо тайёр карда мешаванд:
             1) 0604 – Молия ва қарз
             2) 0605 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия
             3) 0606 – Иқтисодиёти ҷаҳон
             4) 0608 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо
             5) 0611 – Менеҷмент
             6) 0614 – Тиҷорат
             7) 0615 – Маркетинг
             8) 0616 – Молшиносӣ ва мумайизи молҳо
            9) 0619 – Фаъолияти гумрукӣ
             10) 0719 – Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт
             11) 0211 – Ҳуқуқи тиҷоратӣ
            6. Шӯъбаи илмии КЯТ инчунин ба тайёр намудани мутахассисони болаёқат – олимони оянда диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар соли 2008 барои ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДТТ дохил шудан зиёда аз 20 нафар оӯзгорони ҷавон дар курси кӯтоҳмуддати тайёршавӣ барои дохилшавӣ ба аспирантура дар асоси барномаҳои фанҳо дар назди кафедраҳои дахлдор аз 15 ноябр сабақ гирифта истодаанд. (Ҷадвали 1.)
             Дар мамалакатамон муносибатҳои иқтисоди бозорӣ сол аз сол инкишоф ёфта истодааст. Системаи идоракунии иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки дар асоси рушди истеҳсолоти миллӣ ба бозори истеъмолӣ молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқавориро ба харидорон ба тариқи васеъ таклиф намуда, талаботи онҳоро қонеъ гардонанд ва сатҳи камбизоатии аҳолиро нисбат ба солҳои сипаригашта паст кунад.
             Омӯзгорони кафедраҳои КЯТ дар соли 2008 ҳамагӣ 128 нафар, аз он ҷумла 112 нафар муқимӣ ва 16 нафар ҳамкорон доир ба мавзӯи илмии «Муаммоҳои ташаккулёбии бозори молҳои истеъмолии халқ ва роҳҳои ҳалли онҳо» бо шакли ташаббусӣ аз рӯи мавзӯьои худ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурданд.
             Дар таълимгоҳ ба мақсади мунтазам ба роҳ мондани корҳои илмӣ дар назди кафедраҳо мувофиқи нақшаҳои тасдиқ кардашуда, 8 семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва 16 маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият доштанд, ки моҳе як маротиба ҷаласаҳои худро гузаронидаанд. Дар ин семинарҳо дар соли равон 115 нафар омӯзгорон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд, ки натиҷаҳои муҳокимаи онҳо дар протоколҳои кафедраҳо сабт гардидааст. Мувофиқи қарорҳои ҷаласаҳои семинарҳои илмӣ-назариявии кафедраҳо ҷамъи маърӯзаҳо дар конфронси илмию назариявии профессорон ва омӯзгорони Комплекси ягонаи таълимӣ бахшида ба 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки санаи 22-25 апрели соли 2008 баргузор гардид, шунида ва муҳокима карда шудаанд.            
             Дар натиҷа, аз ҷумлаи 128 омӯзгорони Комплекси ягонаи таълимӣ 111 нафар устодон бо маърӯзаҳо баромад карданд. Маърӯзаҳои 8 омӯзгорон: Исоқов А.А., Артанкин П.П., Файзуллоева Н., Каримов Ғ.Ю., Хӯҷаева С. ва Шарипов А. муносиби ҷойҳои аввал гаштанд ва дар ҷаласаи хотимавии конфронс бо мукофотҳои моддӣ ыадр карда шуданд. Маърӯзаи устодон Қобилов Н.Қ., Бойматова Д., Дониёрова М.М., Комарова Г.Б., Камолов Ф., Абдурашидова М., Абдуллоев И. И., Қобилов Ш., ки ҷойҳои дуюмро ишғол намуданд, бо ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардиданд.
             Яке аз самтҳои густурдаи фаъолияти қисми илмӣ ҷалби доираи васеи донишҷӯёни таълимгоҳ ба корҳои илмию эҷодӣ мебошад. Барои вусъати ҳарчи бештари корҳои илмию эҷодии донишҷӯён дар назди кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ маьфилҳои илмии фаннии донишҷӯён амал мекунанд.
             Таҳлили корҳои илмии соли 2008 нишон дод, ки дар соли равон ҳаҷми корҳои илмӣ тақрибан 15-23% афзудааст ва миқдори омӯзгорону донишҷӯёни ба корҳои илмӣ машғулбуда низ зиёд гаштааст.
             Монографияҳои зерини устодон чоп карда шудааст:
            1. Шарипов М.М. Формирование конкурентоспособной организации потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров. Хуҷанд, Хуросон, 2008. 5.0 ҷ.ч.
             2. Шарипов М.М. Формирование и регулирование продовольственного рынка. Хуҷанд, Солитон, 2008. 5 ҷ.ч.
             3. Шарипов М.М., Исоқов А.А. Формирование и развитие инфраструктуры розничной торговли Согдийской области. Хуҷанд, 2008, 5ч.ч.
             4. Раҷабов Р.К., Исоқов А.А. Сфера услуг: проблемы и перспективы развития. Душанбе, Дониш 2007, 8 ҷ.ч.
             5. Аминов И.А. Предпринимательство. Душанбе: Ирфон, 2008, 8 ҷ.ч.

Ташкил ва дурнамои фаъолияти сектори илмӣ-тадқиқотии
Комплекси ягонаи таълимӣ дар соли 2009

            Ба инкишофи бемайлони илму маориф пешравӣ ва тараққиёти ҷомеаро тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон оид ба соҳаи маориф ва рушди он изҳори ақида менамоянд ва инкишофи соҳаро пурра дастгирӣ мекунанд.
             Баъди вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли маорифи ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2005 баргузор гардида буд, ислоҳоти соҳа мунтазам пеш рафта, пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким ёфта, сифати таҳсилот дар онҳо рӯ ба пешравӣ ниҳода истодааст.
             Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар ш.Хуҷанд бояд ба маркази ягонаи таълимӣ-илмӣ ва тарбиявӣ табдил дода шавад. Вай бояд бо алоқаҳои зичи худ ба корхонаҳои истеьсолӣ, тиҷоратӣ, маҳсулот захиракунӣ хоҷагиҳои кооперативӣ ва корхонаҳои дигар шаклҳои моликият, иштироки васеи ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҳалли муаммоҳои хоҷагиҳои халқ фарқ кунад.
             Дар соли 2009 фаъолияти илмии таълимгоҳ барои ҳалли вазифаҳои аз тарафи анҷумани 15-уми Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи кооператсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рушди ДДТТ ва Комплекси ягонаи таълимӣ дар ш.Хуҷанд ва баланд бардоштани самаранокии корҳои илми-тадқиқотии онҳо равона карда шудааст.
             Дар солҳои 2007-2008 дар таълимгоҳ нисбати такмил додани идоракунии фаъолияти илмии омӯзгорону донишҷӯён як қатор корҳои ташкилӣ гузаронида шудааст.
             Дар соли 2009 олимони кафедраҳо аз рӯи 8 раванди илм корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аз рӯи 2 раванди илм корҳои илмӣ-таълимӣ фаъолият мегузаронанд, ки натиҷаи онҳо барои ҳамкории муштараки илмии Донишгоҳӣ бо соҳаҳои хоҷагии халқ ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад ва барои такмили фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҷараёни таълимии донишкада равона карда мешавад.
             Пағнаи асосии иҷрокунандаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд кафедраҳо бошанд. Лекин дар ташкили корҳои илмӣ дар оянда мувофиқи низомнома факултаҳо бояд нақши муҳим бозанд.
             Дар самти такмили шаклҳои ташкилии ҷорӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷараёни таълим фаъолияти хоҷагиҳои кооперативӣ, андешидани чорабиниҳо ва амалӣ гардонидани онҳоро ба зиммаи лабораторияи илми-тадқиқотии факултавӣ гузоштан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ғайр аз ин лаборатория бояд амалиётҳои зеринро низ иҷро кунад:
            •  таҳлил ва муайян намудани аз ҷиҳати иқтисодии ба мақсад мувофиқ будани фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо;
            •  ташаккули нақшаи умумии илмӣ тадқиқотии таълимгоҳ дар асоси нақшаҳои кафедраҳо ва таъмини назорати иқрои саривақтии онҳо;            
            •  муайян намудани имкониятҳо оид ба ҷорӣ намудани таклифҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва ҷараёни таълим.
             Дар соли 2009 кафедраҳои Комплекси ягонаи таълимӣ аз рӯи муаммоҳо ва мавзӯъҳои зерини самтҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мегузаронанд.
             Номгӯи муаммоҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мавзӯҳо дар расми 2 акси худро ёфтаанд.

Кафедраи «Назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳон»

ҶҶнбаьои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва байналхалқии ташаккули иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи «Назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳон»

Ташаккули асосҳои институтсионалии хизматрасонӣ дар соҳаи савдо

Кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия»

Муаммоҳои баҳисобгирӣ, аудит ва молия дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ

Кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия»

Баҳисобгирӣ ва таҳлили даромаднокӣ дар корхонаҳои истеҳсолии Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд

Кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»

Проблемаҳои рушди иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ

Кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»

Тадқиқи проблемаҳои тадбиқи моделҳои иқтисодӣ-риёзиётӣ дар таҳлили протсессҳои иқтисодӣ

Кафедраи «Тиҷорат ва ҳуқуқ»

Муаммоҳои тиҷоратӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таъминоти ҳуқуқии онҳо дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ

Кафедраи «Тиҷорат ва ҳуқуқ»

Хусусиятҳои шуғл ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

Кафедраи «Ҷомеашиносӣ»

Баъзе ҷанбаҳои таърихи тиҷорат, ахлоқ, фарҳанг ва фалсафаи иҷтимоии ниёгон

Кафедраи «Ҷомеашиносӣ»

Масъалаҳои иҷтимои-фарҳангии падидаи миллатгароӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Кафедраи «Математика ва технологияи компютерӣ»

Масъалаҳои ҳалталаби математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Кафедраи «Математика ва технологияи компютерӣ»

Проблемаҳои коркард, меодалсозӣ ва оптимизатсияи системаҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои саноатӣ ва хоҷагии халқ

Кафедраи «Забонҳо»

Тадқиқоти типологии илми забоншинсӣ

Кафедраи «Забонҳо»

Тобишҳои маъноии феълҳо дар забони русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz