Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Раёсат

Раёсати Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷандбудаи ДДТТ фаъолияти тамоми таълимгоҳ ва сохторҳои онро роҳбарӣ менамояд.

Раёсат бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва дигар масъалаҳои муҳими пешбурди кори донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Раёсат масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
– ба ректори донишгоҳ номзадҳоро барои таъиноти вазифаҳои мансабӣ пешниҳод мекунад;
– байни мудирони шӯъбаҳои сохтор ӣ вазифаҳоро тақсим менамояд;
– иҷроиши амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоиро таъмин менамояд;
– ҷараёни таълимро дар таълимгоҳ ташкил намуда, ҷадвалҳои таълимиро тасдиқ менамояд;
– сифати ҷараёни таълимро дар кафедраҳо назорат мекунад;
– корҳои тарбиявию сиёсии таълимгоҳро пешбарӣ намуда, иҷроиши онҳоро таъмин менамояд;
– иҷроиши нақшаҳои солона ва нақшаҳои дурнамоии рушди таълимгоҳро назорат менамояд;
– гардиши самараноки воситаҳои моддӣ ва пулии таълимгоҳро таъмин ва назорат менамояд;
– такмили ихтисоси педагогӣ, илмӣ ва касбии кормандони таълимгоҳро ташкил менамояд;
– ба фаъолияти нашрӣ, комиссияи қабул, гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳо ва аз нав интихобкунии ҳайати профессорону устодон, тақсимоти мутахассисони ҷавон роҳбарӣ мекунад;
– барои иҷроиши корҳои хоҷагидории шартномавӣ ва илмию тадқиқотӣ созишномаҳо ва шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;
– аъзоёни комиссияҳои имтиҳонҳои давлатӣ , қоидаҳои тартиботи дохилӣ , санадҳои соқиткунии воситаҳои асосиро тасдиқ мекунад;
– ҳисоботи солонаро оид ва фаъолияти таълимгоҳ омода месозад;
– иҷроиши қарорҳо, фармонҳо ва нишондодҳои нозиротҳои санитарӣ, зиддисӯхториро оид ба техникаи бехатарӣ, ва қонунгузории меҳнатиро таъмин менамояд.
Раиси ҷаласаи раёсат назорати мунтазами иҷроиши қарорҳои ҷаласаҳои раёсатро ташкил намуда, дар бораи иҷроиши онҳо ба аъзоёни он маълумот медиҳад.
Ба ҳайати Раёсати Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил мешаванд:
1 . Аминов И.А. – ноибректори ДДТТ, дотсент, раиси ҷаласаи раёсат
2. Абдусамадов Ғ.С. – ҷонишини ноибректор оид ба таълим, профессор, ҷонишини раис
3. Самадова З.А. – н.и.и., котибаи ҷаласаи раёсат
4. Ғаниева Н.Р. – дотсент, ҷонишини ноибректор оид ба тарбия
5. Қобилов Н. – дотсент, мудири шӯъбаи таълим ва назорати сифати таълим
6. Солиҷонов Р. –дотсент, мудири шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим
7. Раҳмонов Ш.А. –дотсент, декани факултаи тиҷорат
8. Фузайлов Р. – дотсент, ҷонишини директори коллеҷ
9. Шоғунбеков М.Б. – муаллими калон, мудири шӯъбаи ғоибона
10. Ғаффоров Н. - дотсент, мудири шӯъбаи нашрия ва таҳририя
11. Ҷӯраев Ҷ. – муаллими калон, мудири шӯъбаи бақайдгирӣ ва машварат
12. Ҳошимов Ҳ. – муаллим, ҷонишини мудири шӯъбаи таълим ва назорати сифати таълим
13. Умаров А.Р. – муаллим, раиси созмони ҷавонони КЯТ ДДТТ

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz