Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - муассисаи олии таълимии махсусгардонидашудаи раванди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таълим ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар асоси системаи бисёрзинагии идоракунӣ, хадамот ва инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогиро дар соҳаи иқтисод ба ӯҳда дорад.
    Комплекси ягонаи таълимии дар ш. Хуҷанд буда, сохтори таркибии Донишгоҳ буда, коллеҷи тиҷорат ва факултети тиҷоратро дарбар мегирад. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар таърихи 20 солаи худ, дар натиҷаи фаъолияти пурсамару содиқонаи ҳайати кормандонаш тавонист, ки ба яке аз марказҳои илмӣ-таълимии ҷумҳурӣ табдил ёбад.
            Соли 1987 тибқи Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27.06.1987, таҳти № 241 ва Қарори Иттифои марказии ҷамъиятҳои матлуботи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27.07.1987, таҳти №272 дар заминаи нуқтаи таълимӣ-машваратии дар шаҳри Душанбе будаи Донишкадаи кооперативии Самарқанд филиали Душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск таъсис дода шуд.
            Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тибқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.1991, таҳти №354 филиал ба Донишкадаи тиҷорати системаи Тоҷикматлубот ва соли 1993 ба Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2000, таҳти № 162 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд, ки муассиси он Тоҷикматлубот мебошад.
            Мувофиқи Қарори номбурда техникуми кооператсияи матлуботи ш. Хуҷанд, ки таърихи 70-соларо дорад ва барои кооператсияи матлубот ва дигар соҳаҳои иқтисоди халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро тайёр намудааст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он шаъну шӯҳрати хоса дошта, сипас он, ба коллеҷи тиҷорат дар ҳайати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.
            Дар асоси фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 822 аз 29 декабри соли 2000, бо мувофиқа ба муассиси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - Иттифоқи Тоҷикматлубот (мактуби № 2-12(04) аз 4 январи соли 2001) дар базаи моддӣ-техникӣ, таълимӣ ва илмии коллеҷи тиҷорат факултаи тиҷорат таъсис дода шуда, минбаъд он коллеҷи тиҷорат ва факултаи тиҷорат ҳамчун Комплекси ягонаи таълимӣ дар ш. Хуҷанд ҳисобида шуд.
            Сарварии Донишгоҳро дотсент Шарипов Мӯминҷон Машокирович, роҳбарии Комплекси ягонаи таълимиро дар ш.Хуҷанд н.и.и., дотсент Аминов Иномҷон Аминович ба ӯҳда доранд.
            Комплекси ягонаи таълимӣ аз рӯи 10 ихтисоси замонавӣ, ки 13 зерихтисосро дарбар мегирад ва ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошад, мутахассисонро тайёр мекунад.
    Дар Комплекси ягонаи таълимӣ беш аз 3,5 хазор донишҷӯён таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар шӯъбаи рӯзона зиёда аз 1600 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона зиёда аз 1700 нафар. Қариб аз 1/3 ҳиссаи донишҷӯён (зиёда 1050 нафар) духтарон мебошанд, аз ҷумла дар шӯъбаи рӯзона зиёда 300 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона зиёда 750 нафарро ташкил медиханд.
            Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Комплекси ягонаи таълимии он дар ш.Хуҷанд аз ҷумлаи макотиби олии ҷумҳурӣ аввалин шуда, пас аз қабули стандартҳои нави давлатӣ таҳсилоти олии касбӣ, соли 2002 аз аттестатсияи давлатӣ ва соли 2003 аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта соҳиби литсензияи АУ №000001 аз 31.052002с. ва шаҳодатнома оиди аккредитатсия №000001 аз 7.032003с.-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz