Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Маълумот оиди Шӯрои олимони донишгоҳ

            Шӯрои олимони таълимгоҳ тибқи Низомномаи Шӯрои олимони Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар асоси Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни ЧумҳурииТоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст ва бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, фаъолият мебарад.
            Шӯрои илмии таълимгоҳ бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ , илмию методӣ ва дигар масъалаҳои муҳими пешбурди кори донишгоҳ таҳти роҳбарии ноибректор оид ба Комплекси ягонаи таълимии дар ш.Хуҷандбудаи ДДТТ (бо фармони ректор) таъсис дода шудааст.

 
 
 

Вазифаҳои асосии Шӯрои илмии донишгоҳ:
            – муттаҳид намудани имкониятҳои нерӯи илмию ақлонии ҳайати устодону омӯзгорон ва кормандон дар ҳаллу фасли вазифаҳои марбут ба фаъолияти донишгоҳ;
             – дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Шӯрои олимони факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
             – тадбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ аз ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ихтисосҳои донишгоҳ;
             – мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ , инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
             – назорат аз болои қарорҳои қабулшуда.                                                        

Ба ҳайати Шӯрои илмии таълимгоҳ дохил мешаванд:
1. Аминов И.А. – ноибректори ДДТТ, дотсент, раиси Шӯрои илмӣ
2. Абдусамадов Ғ.С. - ҷон. ноибректор оид ба таълим, профессор, ҷонишини раис
3. Самадова З.А. – н.и.и., мудири кафедраи «Тиҷорат ва ҳуқуқ», котибаи Шӯ
ои илмӣ
4. Усмонов И.У. – профессор, ҷонишини ноибректор оид ба илм
5. Ғаниева Н.Р. – дотсент, ҷонишини ноибректор оид ба тарбия
6. Қобилов Н. – дотсент, мудири шӯъбаи таълим
7. Солиҷонов Р. –дотсент, мудири шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим
8. Раҳмонов Ш.А – дотсент, декани факултаи тиҷорат
9. Фузайлов Р. – дотсент, ҷонишини директори коллеҷ
10. Қурбонов З.Қ. - дотсент, мудири кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит»
11. Комарова Г.Б. – дотсент, мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ »
12. Ғаффоров А. – дотсент, мудири кафедраи «Математика ва технологияи компутерӣ »
13. Азимов А.. – достент, мудири кафедраи «Назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ»
14. Турсунов Ф.А. – дотсент, мудири кафедраи « Ҷомеашиносӣ»
15. Раҳматова С.А. - дотсент, мудири кафедраи «Забонҳо»
16. Исоқов А.А. – дотсент, мудири кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг»
17. Ғаффоров Н. – дотсент, мудири шӯъбаи нашрия ва таҳририя
18. Шогунбеков М.Б. – муаллими калон, раиси иттифоқи касаба
19. Пӯлотова У. – сармуҳосиб
20. Азимова С. – мудири шӯъбаи кадрҳо
21. Умаров А.Р. – муаллим, раиси созмони ҷавонон

Шӯрои олимони Комплекси ягонаи таълимӣ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
– лоиҳаи нақша ва корҳои илмию тадқиқотӣ ;
– парвандаҳои пешниҳоднамудаи омӯзгоронро барои дарёфти унвони профессор ва дотсент мутобиқи тартиби муқарраргардида;
– нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон;
– ҳисоботи декани факулта оид ба корҳои таълимию методӣ , илмӣ ва тарбиявӣ ;
– пешниҳоди номзадҳо барои дохил шудан ба аспирантура аз ҷумлаи хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии мазкур, инчунин номзадҳо барои маъмурият ва аспирантураи яксола;
– ҳолату чорабиниҳо барои беҳбудии минбаъдаи корҳои илмию тадқиқотии кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ;
– ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён;
– мутобиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо барои ишғол намудани вазифаҳои озоди ҳайати омӯзгорон–дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон;
– тасдиқи нақшаҳои инфиродии аспирантҳо ва ҳамасола баррасӣ намудани мавод доир ба аттестатсияи онҳо;
– дигар масъалаҳои марбут ба пешбурди фаъолияти донишгоҳ.
Фаъолияти Шӯрои олимон мутобиқи нақшаи барои соли таҳсил таҳияшуда, ки аз ҷониби ректор тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
Қарорҳои Шӯрои олимон оид ба корҳои таълимӣ ва илмии факулта бо овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аксарият қабул карда мешавад, вале муҳокимаи масъалаҳо ҷиҳати гузаронидани озмун барои ишғол намудани вазифаҳо тибқи тартиби муқарраргардида бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
Раиси Шӯро назорати мунтазами иҷрои қарорҳои Шӯрои олимонро ташкил намуда, дар бораи онҳо ба аъзоёни Шӯро маълумот медиҳад.

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz