Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Донишгоҳ дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар кӯчаи аз ҳама зебоманзари Ленин ҷойгир шудааст. Донишгоҳ аз се қисми таълимӣ иборат буда ин қисмхо бевосита дар як маҳал чойгир мебошад. Бинобар ин донишҷӯён бе ягон мушкилӣ дар ҷараёни таҳсил дар кафедраҳои гуногун аз фанҳои гуногун дарс омӯзанд.

Дар донишгоҳ толори калон барои гузаронидани ҳар хел чорабиниҳо ва ташкилиҳо мавҷуд аст.

Дар дохили бинои асоси толори спортӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯёни мо дар он ҷо фаъолона ба спорт машғул ҳастанд.

Дар кафедраҳо семинарҳо гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯен ва омӯзгорон дар ҳар гуна мавзуъхо баромад мекунанд. Ҳар кафедра бо навбат "Ҳафтаи кафедра"-ро ташкил мекунад, ки дар он омӯзгорони ин кафедра бо ҳамроҳи донишҷӯён ҳамаи коркунон, донишҷӯён ва меҳмононро бо корхои илмии ин кафедра шинос менамоянд, стендхо, газетаҳои деворӣ сохта мешавад, семинарҳо ва баромадҳо ташкил карда мешавад.

Ҳамаи донишҷӯён фаъолона дар чорабинии чамъиятию сиёсии ҳаёти донишгоҳ иштирок менамоянд, то ки супориши роҳбарони вилоят ва ҷумҳурӣ дастгирӣ карда шавад.Ба шанбегиҳо иштироки фаъолона намуда донишҷӯён ва омӯзгорон ба намуди берунии донишгоҳ аҳамияти калон медиҳанд, то ки донишгоҳ ҳамеша тоза ва озода бошад. Дар чиниши тиллои сафед донишҷӯён пурсамар иштирок мекунанд, чунки он ба ҳаети шаҳру чумҳурӣ аҳмияти калон дорад.

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz