Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

           Ғаффоров Абдусаттор Ғаффорович хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Точикистон (1971) буда, дар вазифаҳои омӯзгори Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (солҳои 1971-1974), аспиранти академияи улуми Тоҷикистон (солҳои 1974-1977), котиби илмии академияи улуми Тоҷикистон дар шӯъбаи физика ва математика (солҳои 1977-1978), ходими илмии академияи улум (солҳои 1978-1988), котиби илмии академияи улуми Тоҷикистон (солҳои 1988-1994), ходими калони илмии академияи улуми Тоҷикистон (солҳои 1994-1997), дотсенти кафедраи «Фанҳои умумитаълимӣ» (солҳои 1997-2004) фаъолият бурда аз соли 2004 мудири кафедраи «Математика ва технологияи компютерӣ» мебошад. Соли 1985 рисолаи номзадиашро дар ихтисоси «Математика ва физикаи назариявӣ» ҳимоя намудааст.
            Соли 1993 соҳиби дипломи ходими калони илмӣ гардидааст. Ӯ аз фанҳои «Математикаи олӣ», «Консепсияҳои табиатшиносии муосир», «Физика» машғулиятҳои пурмазмун ва шавқовар мегузаронад. Бо роҳбарии ӯ кори кафедраи навтаъсис ба низом дароварда шуда, ҳайати омӯзгорону кормандони он дар таълим ва тарбияи донишҷӯён саҳми муносиб гузошта истодаанд.

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz