Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

 

Кафедраи Менеҷмент ва маркетинг

Мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон Исоқов А.А. мебошад. Аз тарафи ӯ зиёда аз 20 корҳои илмӣ оиди муаммоҳои такомули инфрасохтори савдои чакана чоп шудааст.

Кафедра соли 2001 таъсис ёфта, мутахассисони баландихтисосро аз рӯи ихтисосҳои 0611 «Мудирият дар савдо ва хӯроки омма», 0615 «Маркетинг» ва 0616 «Молшиносӣ ва мумайизи тиҷории молҳои истеъмолӣ» тайер менамояд.

Самти асосии илмӣ - тадқиқотии аъзоёни кафедра «Ташаккул ва рушди бозори молҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Дар кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» 25 нафар олимон ва омӯзгорони варзида ба монанди профессор Усмонов И.У., дотсентон, н.и.и. Аминов И.А., Kобилов Н. , Давутов Ш.С., Салимов И.И., Исоқов А.А., омӯзгорони калони пуртаҷриба Шодиев М.Ш., Исоев Х., Бобоҷонова Ш.Р., Умарова К.Р., Абдуллоева А.А.,Чамолиддинов С.Р., Шогунбеков М.В., Нематова О., Ҳакимхӯҷаева С.Я., Шарипов З.У., омӯзгорони ҷавон ассистентон Машокиров Ш.У., Норматова Ш.М., Ниёзов Ҷ., Латипова А.Э. фаъолияти таълимӣ, метод , илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд.

Аз 1 сентябри соли 2007 барномаи таълимӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 0611 «Мудирият дар савдо ва хӯроки омма» ба низоми таҳсили кредит ӣ бо супоридани дараҷаи академии бакалавр гузаронида шуд.

Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, таълимию методии устодони кафедра дар солҳои охир дар чунин асарҳо дарҷ гардидаанд:

•  Усмонов И.У., Шарипов М.М. ва дигарон. Менеҷмент. Дастури таълимӣ.-Хуҷанд, 2005.

•  Усмонов И.У. Асосҳои илми менеҷмент. Васоити таълимӣ.- Хуҷанд. 2007.

•  Исоев Ҳ Х.И. Стандартизатсия, метрология ва сертификатсия. Васоити таълимӣ.- Хуҷанд. 2007.

•  Қобилов Н. Микробиология ва санитария. Роҳнамои таълим.- Хуҷанд, 2007.

•  Исоқов А.А. Роҳҳои мукаммал намудани инфрасохтори савдои чакана. Монография. -Хуҷанд,2007.

•  Раҷабов Р.К., Исоқов А.А. Соҳаи хизматрасонӣ: муаммоҳо ва дурнамои тараққиёт.- Душанбе. 2007.

Дар назди кафедра семинари илмию назариявӣ ва 2 махфилҳои илмии донишҷӯён «Менеҷери мудирият ва бозоршинос» ва «Молшинос» доимо амал мекунад.

 

 

 

 

 

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz