Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Муаллими калони кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг»-и ДДТТ Исоев Ҳасан Исоевич соли таваллудаш 1940, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Собиқаи кори педагогиаш – 45 сол.

Исоев Х.И. дар давоми 45 соли фаъолияти педагогии худ ҳамчун муаллими боистеъдод, баландихтисос, пурмаҳорат ва поквиҷдон худро нишон додааст. Ӯ методикаи гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалиро чуқур ва ҳаматарафа аз худ кардааст. Муаллим ҷаҳонбинии васеъ, дониши чуқур ва ҳаматарафа аз фанни «Молшиносӣ ва мумайизи молҳои озуқаворӣ», аз фанни «Стандартонӣ, метрология ва сертификатсия» дошта, дар баланд намудани савияи илмӣ-назариявии худ мунтазам кор мебарад.

Исоев Х.И. барои омӯхтани адабиётҳои нави илмӣ-методӣ методҳои нави гузаронидани лексия ва дарсҳои амалӣ, барои баланд бардоштани азхудкунии донишҷӯён ҳамавақт кӯшиш мекунад. Дар солҳои охир ӯ зиёда аз 10 рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва маводҳои методиро навишта ба чоп расонидааст.

Муаллим Исоев Х.И. ҳамеша аз болои дониши худ кор мебарад ва роҳҳои нав ба нави эҷодиро ҷустуҷӯ карда меёбад. Дарсҳои ӯ хеле пурмазмуну шавқовар мегузарад.

Исоев Х.И. ба корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекунад. Барои фаъолона иштироки ӯ дар масъалаҳои таълиму–тарбия дар кафедра ва донишгоҳ, барои ташкил ва бомуваффақият гузаронидани аввалин олимпиадаи фаннӣ, дар мавзӯи «Нон – боигарии халқ» аз тарафи маъмурияти донишгоҳ, шахсан ноибректор дотсент Шарипов М.М. раҳматнома эълон карда шуд.

 

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz