Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»

           Кафедра соли 1996 дар сохтори Коллеҷи тиҷоратии ДДТТ ташкил ёфта буд ва ҳамаи фанҳои иқтисодиро, ки донишҷӯён меомӯхтанд муттаҳид мекард.
           Дар айни замон кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ» яке аз кафедраҳои пешбарандаи КЯТ ДДТТ мебошад, ки мутахассисонро аз рӯи равияи 060800 «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо» тайёр мекунад.
            Ҳайати профессорӣ - устодони кафедра аз 20 нафар иборатанд, ки 4 нафарашон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон; 9 нафар муаллимони калон, 7 нафар ассистентон. Байни онҳо: дотсентон Комарова Г.Б., Каримов Ғ.Ю., Набиева А.Я., Султонов Ю. Муаллимони калон: Хомутова Л.Ф., Рахмонхӯҷаев Ф., Ҷӯраев Ч., Файзиева К.Х., Раҳимова М.Л., Каримов И., Алиева Г., Муҳидинова С. ва Артанкин П.П. Ассистентон: Усмонова Н., Рустамова Ф., Каримова И., Ишонова У., Якубова М., Ёқубова Н. ва Раҳматуллоев М.

           Ба кафедра 29 фанҳои иқтисодӣ вобаста карда шудаанд.
           Устодони кафедра корҳоро оиди мукаммал гардонии раванди таълим, баландбардории сатҳи квалификатсия, таъминоти машғулиятҳо бо айёниятҳо мегузаронанд.
            Барои таъминоти ҷараёни таълим толорҳои дарсӣ ба монанди толори «Иқтисодиёти корхона ва соҳибкорӣ», «Иқтисодиёти савдо ва хӯроки омма», «Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ».
            Масъалаи илмие, ки устодони кафедра тадқиқот мебаранд ин : «Вазъият ва ояндаи тараққиёти соҳаҳои фаъолияти матлубот дар шароити муносибатҳои бозорӣ» мебошад.
            Дар ин равия диссертатсияи номзадӣ дар мавзӯъи «Савдои яклухти матлубот дар шароити иқтисодиёти гузариш" (Комарова Г.Б.) ҳимоя шудааст.
           Барои ҳимоя кори дисертатсионӣ дар мавзӯъи «Баландбардории самаранокии иқтисодии фаъолияти маҳсулоттайёркунии матлубот дар шароити бозор» тайёр шуда истодааст. (Ҷӯраев Ч)
           Дар кафедра корҳои семинарӣ- методӣ фаъолият мебарад. (роҳбар Хомутова Л.Ф.)
            Натиҷаи фаъолияти илмӣ ва методии устодони кафедра дар солҳои охир дар корҳои зерин инъикос ёфтааст.
           1. Комарова Г.Б.- «Оптовая торговля потребительской кооперации Таджикистана»
Монография Худжанд, 2006.
           2. Комарова Г.Б. – Роль кооперации в реализации социальной политики в Республике Таджикистан - Белгородский университет потребительской кооперации - 2008
           3. Каримов Г.Ю. – «Тадқиқи динамикаи маҳсулоти умумии дохилӣ ва усули пешгӯинамоии он».- Хуҷанд- 2007
           4. Хомутова Л.Ф. – «Региональный рынок товаров легкой промышленности и факторы влияющие на его сбалансированность". – Худжанд-2007
           5. ҶӯраевҶ. – «Повышение экономической эффективности заготовительной деятельности в условиях перехода к рыночной экономике» - Худжанд 2007

Кори илмӣ – тадқиқотии донишҷӯён дар кори маҳфили «Соҳибкори ҷавон» ташкил шудааст. (роҳбар Султонов Ю., Усмонова Н)

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz