Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

          Дотсент Алиева Р.Р. соли таваллуд 2.10.1950, хатмкунандаи ДДТ ба номи В.И.Ленин, номзади илми таърих дар кафедраи Ҷомеашиносии КЯТ ДДТТ аз соли 2001-ум фаъолият дорад.
          Илмҳои сиёсатшиносӣ, таърихи халқи тоҷик ва фалсафаро таълим медиҳад. Аз моҳи октябри соли 2003 то 29 январи 2005 мансаби иҷрокунандаи ҷонишини ноибректор оид ба тарбияи КЯТ ДДТТ-ро ишғол намуд. Моҳи январи 2005 аз нав ба вазифаи дотсенти кафедраи Ҷомеашиносии донишгоҳ таъин шуд.
          Дотсент Алиева Р.Р ихтисоси худро хуб медонад ва дарсҳоро мувофиқи талаботи меъёрҳои мактаби олӣ, дар сатҳи баланд таълим медиҳад. Давоми ин солҳои фаъолияташ дар донишгоҳ роҷеъ ба сиёсатшиносии ду китоби дарсӣ «Политология» (268 саҳ), Хуҷанд 2004 ва «Политология в вопросах и ответах» Хуҷанд 2000-ро ба табъ расонид.
          Дотсент Алиева Р.Р корҳои илмиро низ мебарад, дар семинарҳои илмию-методӣ ва конфронсҳои илмии донишгоҳ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзад. Вай дар семинари байналмиллалии бахшида ба мавзӯи «Фарҳанги сиёсӣ ва масъалаҳои миллатгароӣ»-и шаҳри Бишкек моҳи марти соли 2003 конфронсҳои илмии байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ: Тоҷикистон ва муносибатҳои муосири байналмиллалӣ (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат 19-20 маи соли 2007), Тоҷикистон: аз тамаддуни ориёӣ то истиқлолияти давлатӣ, (ДДХ ба номи Б.Ғафуров 16-17 июни соли 2006) маърӯзаҳо кардааст. Зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии вай дар маҷмӯаҳои илмии донишгоҳ, маҷаллаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп шудааст.
          Дотсент Алиева Р.Р аввалин шуда барои низоми кредитӣ силлабус ва дигар маводҳои методӣ тайёр намудааст.
          Дотсент Алиева Р.Р дар байни омӯзгорон соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Алиева Р.Р тарғиботҳои донишҳои сиёсӣ буда, дар маъракаҳои ҷамъиятию фарҳангии донишгоҳ, шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат меварзад.

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz