русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Турсунов Фаррух Акбарович, 9 сентябри соли 1964 дар оилаи коргар, дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби миёнаи № 37-и ш.Душанбе ба синфи якум рафта, соли 1981 онро хатм намудааст. Ҳамин сол ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, факултаи забонҳои Шарқ дохил шуда, соли 1986 онро хатм намуда, ихтисоси – филолог – шарқшинос соҳиб гаштааст, маълумот олӣ.

Соли 1986 дар Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба вазифаи инспектор дар деканати кор бо донишҷӯёни хориҷӣ фаъолияти кори худро оғоз намуда, соли 1987 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ба вазифаи лаборанти калон дар кафедраи «Фалсафа» гузаронида шудааст.. Соли 1989 мутобиқи озмуни донишкада ба вазифаи ассистенти кафедраи мазкур гузаронида шуда, соли 1991 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар ш.Душанбе, ба кафедраи «Сиёсатшиносӣ» дохил гашта, онро дар соли 1994 хатм намудааст.

Ҳамзамон бо мақсади баландгардонидани ихтисос ба Институти баланбаландгардонии тахассуси муаллимони фанҳои ҷомеашиносӣ ба ш. Москва- университети давлатии ба номи М.В.Ломоносов аз тарафи Вазорати маориф фиристонида шуда, (Шаҳодатномаи №41, вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР) соли 1992 мутобиқи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи «Фалсафа»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино гузаронида шуд..

Аз соли 1995 то соли 1997 дар вазифаи ходими калони илмӣ дар маркази илмию фарҳангии «Паёми Ҳофиз» ба кор даромад. Соли 1997 ба шӯъбаи Хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар вазифаи муаллими калон ба кафедраи «Ҷомеашиносӣ» ба кор гузашт.

Соли 2002 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои иҷтимоию фарҳангии ташаккул ва такомули худшиносии миллӣ» (дар мисоли халқи тоҷик) дар Шӯрои дифоъи Пажуҳишгоҳи Фалсафа ва ҳуқуқи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 20 июни 2003 сол унвони номзади илмҳои фалсафа дода шуд. (Диплом таҳти рақами КТ №098565 дода шудааст).

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz