русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Омӯзгори кафедраи «Ҷомеашиносӣ»-и КТ ДДТТ, номзади фанни фалсафа Солиҷонов Расулҷон, соли таваллудаш 1955, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Солиҷонов Расулҷон соли 1982 Донишгоҳи Давлати омӯзгории ба номи Қ.Ҷӯраев (ҳоло ба номи С.Айнӣ)-ро хатм намудааст. Соли 1989 аспирантураи назди ҳамин донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда рисолаи номзадиро барои дарёфти унвони номзади илмҳои фалсафа дифоъ намуд. Аз соли 1982 то соли 1998 дар Донишгоҳи мазкур аз вазифаи котиби комсомол то ба вазифаи ноиби ректор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва кадр иҷрои вазифа намудааст.

Аз соли 1998 то 2007 дар ноҳияи Ҷ.Расулов ба сифати ҷонишини директори коллеҷи муҳандиси омӯзгори шуда фаъолият намудааст.

Аз 1 сентябри соли 2007 ба ба сифати омӯзгори кафедраи «Ҷомеашиносӣ» ба кор қабул карда шуд. Дар муддати фаъолият дар ин вазифа худро ҳамчун масъулиятшинос ва мутахассиси варзида нишон дод. Аз фанҳои «Фалсафа» ва «Сотсиология» ба шогирдон дарс мегӯяд. Дарсҳои назариявӣ ва амалии ӯ дар дараҷаи хуби назариявию услубӣ ва педагогӣ мегузарад.

Баробари фаъолияти таълими Солиҷонов Р. корҳои таълими методиро низ пеш мебарад. Дар соли хониши 2007-2008 аз фанни «Сотсиология» ва «Фалсафа» силлабусҳо тайёр намуда аз чоп баровард. Аз фанни «Сотсиология» маҷмӯи маводҳои таълими ба чоп тайёр карда шудааст. Аз ҳисоби донишҷӯён 3 нафар барои иштирок дар конфронси идмию амалӣ тайёр шуда истодаанд.

Солиҷонов Р фаъолияти илмиро низ пеш мебарад. Дар мавзӯи «Зиддиятҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва роҳҳои ҳалли он» рисолаи доктори тайёр намуда истодааст. Барои конфронси илмию амалии омӯзгорон маърӯза тайёр кардааст.

Солиҷонов Р дар кори тарбиявӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ фаъолона ширкат маварзад. Дар чорабиниҳои кафедра, КТ ДДТТ ва берун аз он бевосита ширкат меварзад.

Солиҷонов Р соҳиби оила, 5 фарзанд буда, ахлоки хамида дорад.

 

 

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz