Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Донишгоҳ
Раёсат
Ворид шави ба система:
Логин:      
Парол:     
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 375700 ш. Хуҷанд кӯчаи Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Мирбобоев М.Қ., соли таваллуд 1943, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илми фалсафа, дотсент, аълочии маорифи Тоҷикистон.

Мирбобоев М.Қ. дар кафедраи Умумитаълимии КЯТ ДДТТ аз соли 1997 ба сифати дотсент, солҳои 2002 – январи 2008 дар вазифаи мудири кафедраи Ҷомеашиносӣ фаъолият кардааст.

Вай илмҳои фалсафа ва сотсиологияро ба донишҷӯён таълим медиҳад. Дарсҳояшро хуб ва шавқовар мегузаронад. Таҷрибаи бои педагогӣ дошта, баробари таълими илмҳои инсоншиносӣ дар шогирдон фазилатҳои волои маънавиро тарбия менамояд.

Мирбобоев М.Қ ба тадқиқоти илмӣ низ фаъолона шуғл дорад. Дар мавзӯи «Афкори ахлоқии тоҷик» кор карда, як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ эҷод кардааст. Вай муаллифи як монография ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конфронсҳҳои илмии донишгоҳ, ҷумҳуриявӣ пайваста ширкат варзидааст.

Мирбобоев М.Қ дар солҳои мудириаш худро ҳамчун роҳбари хуб нишон дод. Дар кафедраи Ҷомеашиносӣ корҳои илмӣ ва илмию методӣ вусъати нав пайдо кард. Устодони кафедра доир ба фанҳои сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ китобҳои дарсӣ чоп карданд. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва илмию методии устодони кафедра ба табъ расид. Се нафар устодон соҳиби унвони илмӣ гаштанд.

Дотсент Мирбобоев М.Қ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии донишгоҳ, шаҳру вилоят фаъолона ширкат меварзад, дар байни омӯзгорон, коллективи донишгоҳ обрӯю эътибор дорад.

 

 

 
 
© 2008 ДДТТ, Тоҷикистон
Hosted by uCoz