Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Университет
Ректорат
Вход в систему:
Логин:      
Пароль:     
  
Республика Таджикистан, Согдийский область, 375700 г. Худжанд ул. Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Кафедраи Илмҳои Чомеашиносӣ дар ибтидо фанҳои умумитаълимӣ ном дошта, соли таълими 1995-1996 таъсис ёфта буд. Он фанҳои гуногун, ҷамъиятшиносӣ, табиатшиносӣ, математикаю забон, экология тарбияи ҷисмониро фаро мегирифт. Баробари тараққиёти донишгоҳамон дар заминаи кафедраи мавсуф кафедраи фанҳои умумитаълимӣ забонҳо ташаккул ёфт. Соли хониши 2004-2005 баъди он ки аз кафедраи фанҳои умумитаълимӣ илмҳои математика, физика ҷудо гашт, он номи ҷомеашиносиро гирифт.

Солҳои 1995-1996 номзади илмҳои физикаю математика дотсент Ҷабборов У.А, аз соли 1997 то 2002 номзади илмҳои таърих, дотсент Тоатов ҲС вазифаи мудири кафедраро бар ӯҳда доштанд. Аз соли 2002 то 2007 вазифаи мазкурро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирбобоев М.К иҷро менамуд. Аз январи 2008 вазифаи мидири кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Турсунов Ф.А иҷро намуда истодаанд.

Кафедраи Ҷомеашиносӣ ҳашт илмҳои таълимӣ, фалсафа, фарҳангшиносӣ, идеологияи сиёсии ҷаҳони муосир, таърихи халқи тоҷик, сиёсатшиносӣ, сотсиология, экология, тарбияи ҷисмониро дарбар мегирад. Ҳайати профессорону устодони кафедраро як нафар профессор, доктори илмҳои таърих Мақсудчон Иномов, шаш нафар дотсентон: Дониёрова М.М, Мирбобоев М, Алиева Р.Р, Турсунов Ф.А, Тоатов Х.С, ду нафар номзадҳои илм Турсунова Г.Н, Мирбобоева Т.Х., се нафар сармуаллимон Ярулин Н.З, Калинин И.Т, Чонназарова Д.Х., се нафар ассистентон Тоатов Ф, Тоҷибоев Ш, Бобоев А. ташкил менамояд. Устодони кафедра баробари тадрис бо тадқиқоти илмӣ, корҳои таълимию методӣ пайваста шуғл меварзанд, ки натиҷаҳои он маҷмӯаи мақола, рисола, китобҳои дарсӣ, монография мебошанд:

«Маҷмӯаи мақолаҳои илмию методии устодони кафедраи фанҳои умумитаълимӣ» Хуҷанд 2004,

Алиева Р.Р «Политология» Хуҷанд 2004,

Турсунов Ф.А «Культурология» Хуҷанд 2002,

Мирбобоева Т.Х «Саҳми суғдиён дар шоҳроҳи абрешим» Хуҷанд 2005,

Иномов М. «Шуҷоати Спитамен» Хуҷанд 2005,

Тоатов Ҳ «Хатлон дар масири таърих» Хуҷанд, 2006,

Турсунова Г.Н «Амир Темур» Хуҷанд, 2006.

Омӯзгорон, хоса дотсентон Дониёрова М.М, Алиева Р.Р, Мирбобоев М.Қ, Турсунов Ф.А, Тоатов Ҳ.С, Солиҷонов Р, номзадҳои илми таърих Турсунова Г.Н, Мирбобоева Т. Х. на танҳо дар конфронсҳои илмии донишгоҳ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ инчунин дар конфронсҳои байналмиллали ширкат варзидаанд.

Кафедра пайваста барои вусъати дараҷаи илмии омӯзгорон кор мебарад. Дар давоми чор соли охир устодони кафедра Турсунов Ф.А, Мирбобоева Т.Х. Турсунова Г.Н аз рӯи ихтисосҳои худ рисолаи номзадӣ навишта, бомуваффақият дифоъ карданд ва соҳиби унвони номзади илм гаштанд. Ҳадафи аслии таълими илмҳое, ки кафедра фаро мегирад, тарбия ва ташаккули инсони комил, инсони руҳану ҷисман солим, соҳиби тахассуси баланд аст. Инҳо илмҳои муқаддам ва бунёдианд, ки ба донишҷӯён ҷахонбинии илмӣ, тафаккури таҳлиливу танқидӣ, қобилияти арзёбӣ, худшиносӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ, ватанпарварӣ, табиатдӯстӣ, фазилатҳои одамият, ҷавонмардӣ бофарҳангиро мепарваранд.

 

 

 
 
© 2008 ТГУК, Таджикистан
Hosted by uCoz