Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Университет
Ректорат
Вход в систему:
Логин:      
Пароль:     
  
Республика Таджикистан, Согдийский область, 375700 г. Худжанд ул. Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

           Омӯзгори кафедраи «Ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ Аълочии маорифи ҶТ Бобоев Абдукарим. Соли таваллудаш 1958, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
            Бобоев Абдукарим соли 1981 Донишгоҳи Давлати омӯзгории ба номи Қ.Ҷӯраев (ҳоло ба номи С.Айнӣ)-ро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих, методист оид ба корҳои тарбиявӣ хатм намудааст. Аз соли 1981 то соли 1989 дар МТҲУ-ии №22 н. Ғончӣ ба сифати муаллими фанни таърих ва ҳуқуқ кор кардааст. Аз соли 1989 то соли 2007 дар мактаби №37 н. Ғончӣ ба сифати муаллими фанни таъриху ҳуқуқ ва роҳбари омодагии дифоъ фаъолият карда айни замон аз соли 2001 то ҳоло дар омӯзишгоҳи омӯзгории н. Мастчоҳ (филиали Ғончӣ, шӯъбаи ғоибона) аз фаннҳои таърих, фалсафа ва ҳуқуқ дарс мегӯяд. Соли 2007 аз моҳи март ҳамчун омӯзгори ғайриштатӣ дар кафедраи Ҷомеашиносии ДДТТ ба кор оғоз намудааст.
            Аз 1-сентябри 2007 ҳамчун муаллими ҳамин кафедра ба кор ҳамчун корманди штатӣ ба кор қабул гардида то ҳоло фаъолият дорад. Аз моҳи сентябри 2007 худро ҳамчун устоди масъулиятшинос ва мутахасиси варзида нишон дода истода то имрӯз барои донишҷӯён аз фаннҳои таърихи халқи тоҷқик, фалсафа, этика ва эстетика (ахлоқ ва зебошиносӣ) дарс гуфта дорои лаёқати баланди омӯзгори буданашро нишон дод. Дар такмили барномаҳои кории фаннҳои мазкур тағйиру иловаҳо дохил намуд. Тестҳою саволномаҳои санҷишӣ ва имтиҳониро хело хуб ба сомон расонид.
            Дарсҳои назариявию амалии худро дар сатҳи хело баланди илми-методӣ ва тарбиявӣ мегузарад.
            Дар рӯзномаи «Тоҷири ҷавон»-и ДДТТ мақолаҳои илмӣ-методии худро ба чоп мерасонад. Бобоев А аз рӯи мавзӯи «Тиҷорат дар давраи давлати Сомониён» кор карда истодааст. Дар олимпиадаҳои фаннии ДДТТ шогирдони ӯ фаъолона иштирок намуда барои иштирок ба олимпиадаҳои республикавӣ сазовор гардиданд.
            Бобоев А дар корҳои тарбиявию ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъолона иштирок, менамояд. Бахшида ба рӯзи Ғалаба (9-май) барномаи ҷолиби диққате омода сохтааст.
            Бо грамота ва ифтихорномаю дипломҳои идораи маориф ва мақомоти ҳокимиятӣ қадр карда шудааст.
            Бобоев А оиладор, соҳиби 4 фарзанд буда дорои ахлоқи ҳамидааст.

 
 
© 2008 ТГУК, Таджикистан
Hosted by uCoz