Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Университет
Ректорат
Вход в систему:
Логин:      
Пароль:     
  
Республика Таджикистан, Согдийский область, 375700 г. Худжанд ул. Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

ДОВТАЛАБ - 2008

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН
Комплекси ягонаи таълимӣ дар ш. Хуҷанд

қабули донишҷӯёнро тибқи литсензияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳо ва зерихтисосҳои зерин

БА ШЎЪБАҲОИ РЎЗОНА ВА ҒОИБОНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Самти «Иқтисодиёт» - 521600
060400 – Молия ва қарз (таълим бо забонҳои тоxикӣ ва русӣ);
060405 – Фаъолияти бонкӣ;
060407 – Бозори қоғазҳои қурбнок ва фаъолияти биржавӣ;

060500 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
060501 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар савдо ва хӯроки омма;

060600 – Иқтисодиёти ҷаҳон (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
060601 - Бизнеси байналхалқӣ;
060619 - Иҷтисодиёти туризми байналхалқӣ;

060800 - Иќтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
060801- Иќтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хўроки омма.

Самти «Менеҷмент» - 521500

061100 – Менеҷмент (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
061121 – Менеҷменти корхонаҳои савдо;
061122 – Бизнеси меҳмонхонадорӣ ва туризм;

061500 Маркетинг (таълим бо забони тоҷикӣ);
061501 Маркетинг дар бозори байналхалқии молу хадамот;

061600 – Молшиносӣ ва экспертизаи сифати молҳо (таълим бо забони тоҷикӣ);

271200 – Технологияи маҳсулоти хӯроки омма (таълим бо забони тоҷикӣ);

Самти «Тиҷорат» - 522000

061400- Тиҷорат (таълим бо забонҳо тоҷикӣ ва русӣ)
061401 – Тиҷорат дар бозори байналхалқии молу хадамот;

061900 – Фаъолияти гумрукӣ (таълим бо забони тоҷикӣ);
061901 – Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ;
061902 – Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзӣ;
061903 Тафтишоти гумрукӣ;

Самти «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» - 522300
071900 – Системаҳои иттилоотӣ дар иќтисодиёт (тибқи соҳаҳои истифодабарӣ);

071911 – Системаҳои иттилоотӣ дар фаъолияти бонкҳо(таълим бо забони тоҷикӣ);
071920 – Системаҳои иттилоотӣ дар маркетинг ва реклама (таълим бо забони
Тоҷикӣ); Самти «Ҳуқуқшиносӣ» - 021100

021104 – Ҳуқуқи тиҷорат (таълим бо забони тоҷикӣ);

    БА ШЎЪБАИ ҒОИБОНА:

Самти «Иқтисодиёт» - 521600

060400 – Молия ва қарз (таълим бо забони тоҷикӣ);
060405 – Фаъолияти бонкӣ;
060407 – Бозори қоғазҳои қурбнок ва фаъолияти биржавӣ;

060500 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
060501 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар савдо ва хӯроки омма;

060800 - Иќтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо (таълим бо забони тоҷикӣ);
060801- Иќтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хўроки омма.

Самти «Менеҷмент» - 521500

061100 – Менеҷмент (таълим бо забони тоҷикӣ);
061121 – Менеҷменти корхонаҳои савдо;
061122 – Бизнеси меҳмонхонадорӣ ва туризм;

061500 Маркетинг (таълим бо забони тоҷикӣ);
061501 Маркетинг дар бозори байналхалқии молу хадамот;

Самти «Тиҷорат» - 522000

061400- Тиҷорат (таълим бо забони русӣ)
061401 – Тиҷорат дар бозори байналхалқии молу хадамот;

061900 – Фаъолияти гумрукӣ (таълим бо забони тоҷикӣ);
061901Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ;
061902Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзӣ ;
061903Тафтишоти гумрукӣ;
271200- Технологияи маҳсулоти хӯроки омма

Самти «Ҳуқуқшиносӣ» - 021100

021104 – ҳуқуқи тиҷорат (таълим бо забони тоҷикӣ);

Ба шўъбаи ғоибона инчунин аз рўи ихтисосҳо ва зерихтисосҳои зерин барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои:

060400 – Молия ва қарз (таълим бо забони русӣ);
060500 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (таълим бо забони русӣ);
021104 - Ҳуқуқи тиҷорат (таълим бо забони русӣ).

  Таҳсил дар шӯъбаи рӯзона аз рўи ҳамаи ихтисосҳои тибқи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад, ки он ба стандартҳои байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқ мебошад ва аз довталабон дониши амиқу мукаммалро талаб менамояд. Низоми кредитии таҳсилот имконият медиҳад, ки донишҷў таҳсили худро дар макотиби олии хориҷи кишвар идома диҳад ва дипломи ў дар сатҳи байналхалқӣ эътироф мешавад.

Шифр

Номгўи ихтисоҳо

Шакли таҳсили рўзона

Шакли таҳсили ғоибона

забони таҳсил

мўҳлати таҳсил

маблағи таҳсил

забони таҳсил

мўҳлати таҳсил

маблағи таҳсил

0604

Молия ва ќарз

Тоҷикӣ, русӣ

4

500

Тоҷикӣ

5

350

0605

Баҳисобгирии бухгатерӣ ва аудит

Тоҷикӣ, русӣ

4

500

Русӣ

5

350

0606

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Тоҷикӣ, русӣ

4

400

-

-

-

0608

Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо

Тоҷикӣ русӣ

4

400

Тоҷикӣ

5

300

0611

Менеҷмент

Тоҷикӣ, русӣ

4

400

Тоҷикӣ

5

300

0614

Тиҷорат дар бозори байналхалқии молу хадамот

Тоҷикӣ,русӣ

5

400

Русӣ

5

300

0615

Маркетинг дар бозори байналхалқии молу хадамот

Тоҷикӣ

5

400

Тоҷикӣ

5

300

0616

Молшиносӣ ва ташхиси сифати тиҷоратии молҳо

Тоҷикӣ

5

400

-

-

-

0619

Фаъолияти гумрукӣ

Тоҷикӣ

5

500

Тоҷикӣ

5

350

0719

Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва идоракунӣ

Тоҷикӣ

4

500

-

-

-

0211

Ҳуқуқи тиҷорат

Тоҷикӣ

4

500

Тоҷикӣ

5

350

2712

Технологияи тайёр кардани хӯроки омма

Тоҷикӣ

5

400

Тоҷикӣ

-

300

Таҳсилоти олии дуюми касбӣ

Шифр

Номгўи ихтисосҳо

Шакли тахсили ғоибона

Забони таҳсил
Мўхлати таҳсил
Маблағи тахсил

 

 

0604

Молия ва ќарз

Русӣ
3 сол
350

0605

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Русӣ

3 сол

350

0211

Ҳуќуќи тиҷоратӣ

Русӣ

3 сол

350

            Ба Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи шартнома шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати таҳсилоти умумӣ, ибтидоию миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ доранд, қабул карда мешаванд. Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ИДМ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоию миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ доранд, қабул карда мешаванд.
            Ба курси якум шахсоне, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд гардидааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.
            Ба курсҳои болоӣ (курсҳои дуюм-сеюм)шахсоне, ки дипломи намунаи давлатии таҳсилоти олии нопурра, маълумотномаи намунаи давлатии академӣ дар бораи дараҷаҳои таҳсилоти олӣ ва ё дипломи намунаи давлатӣ оид ба хатми таҳсилоти олӣ доранд, қабул карда мешаванд.
            Шахсоне, ки техникум ва коллеҷҳоро хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо бо назардошти супоридани фарҷиятҳо бо тариқи сӯҳбат ба курси 2-юми шўъбаи рӯзона ва ё курси 3-юми шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ қабул карда мешаванд.
            Шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи махсуси онҳо ба равия ва ихтисосҳои донишгоҳ мувофиқ нест, аз тариқи озмуни умумӣ ба курси якум қабул карда мешаванд.
            Шахсоне, ки таҳсилоти олӣ доранд ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсилоти дуюми олии касбӣ гирифтан мехоҳанд, тибқи шартнома ба тариқи сӯҳбат ба курси сеюм қабул карда мешаванд. Дар ҳолати ташаккули гурўҳи пурраи академӣ таҳсил тибқи нақшаи таълимии махсус сурат мегирад ва мўҳлати таҳсил 3 сол муқаррар мешавад.

            Имтиҳонҳои қабул ба тарзи зайл сурат мегирад: имтиҳон аз забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва тест. Имтиҳон аз забони давлатӣ пеш аз имтиҳони тестӣ буда, довталабон новобаста аз равия ва ихтисоси интихобкардаашон иншо менависанд.
            Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои русии донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, аз забон ва адабиёти рус иншо менависанд.
            Довталабон - намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забонҳои ғайридавлатӣ хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои тоҷикӣ ё русии донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, мувофиқи хоҳишашон аз забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва ё аз забони русӣ диктант менависанд.
            Ба супоридани тест довталабоне иҷозат дода мешаванд, ки аз имтиҳони забони давлатӣ (тоҷикӣ) баҳои мусбат гирифта бошанд.

Вобаста ба ихтисосҳо саволномаҳои тестӣ фанҳои зеринро дар бар мегиранд:

Ихтисосҳои 0604,0605,0608, 0611, 0614, 0615, 0616, 0719 – математика, забон ва адабиёти тоҷик (забон ва адабиёти рус), асосҳои давлат ва ҳуқуқ;

Ихтисосҳои 0606,0619 – математика, забон ва адабиёти тоҷик (забон ва адабиёти рус), забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ;

Ихтисоси 0211 - асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик (забон ва адабиёти рус), математика;

Ихтисоси 2712 – кимиё, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ.

Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани хол баҳои умумии тестӣ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

Имтиёзҳое, ки ба довталабон пешниҳод карда мешаванд:

•  Ба курси якум бе имтиҳон дар асоси сӯҳбат шахсони зерин қабул карда мешаванд:
  •  Шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;
•  ғолибони ҷойи аввал ва дуввуми озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз фанҳои математика, забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, химия тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд (ба ихтисосҳои мувофиқ).
•  Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанҳои математика, забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳукуқ, химия, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд (ба ихтисосҳои мувофиқ).
•  Шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра хатм намудаанд, бо супоридани имтиҳони тахассусӣ бо баҳои аъло ба курси якум қабул карда мешаванд. Дар сурати муваффақ нашудан аз тариқи қоидаҳои умумӣ имтиҳон месупоранд.
  •  Ғолибони ҷои 3–юми озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик (забон ва дабиёти рус), забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, химия тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, бо супоридани имтиҳони тахасссусӣ бо баҳои аъло ба курси якум қабул карда мешаванд. Дар сурати муваффақ нашудан аз тариқи қоидаҳои умумӣ имтиҳон месупоранд.

  •  Бо гирифтани баҳои мусбат аз имтиҳонҳои қабул берун аз озмун қабул карда мешаванд:
•  Хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Қувваҳои муссалаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд;
•  Маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ - меҳнатӣ таҳсил кардани онҳо дар ихтисоси мазкур манъ карда нашудааст;
•  Ятимони бе падару модар, тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

Ба Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ шаҳрвандон ба шӯъбаи рӯзона то синни 35-сола ва ба шӯъбаи ғоибона бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешаванд.

Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. Ариза ба номи ректори донишгоҳ.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ (намунаи давлатӣ - асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли № 86-у).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4)
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд).
  6. Билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
  7. Нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
  8. Шартнома (ду нусха).

Эзоҳ: Маълумотнома дар бораи хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд. Довталабоне, ки мактаб ва литсейҳои хусусиро хатм намудаанд, дар намунаи ҳуҷҷати хатми таҳсилоташон ба ғайр аз меҳри муассисаи таълимӣ бояд мeҳри шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияро низ дошта бошад.

            Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муаяйн шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
            Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.
            Довталабоне, ки ба донишгоҳ қабул шудаанд ва дар давоми 15 рӯз бесабаб ба таҳсил шурӯъ накардаанд, аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешаванд.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 20 июн то 31 июли соли 2008 сурат мегирад.

Имтиҳони қабул аз 1 август то 20 августи соли 2008 гузаронида мешавад.

Қабул ба сафи донишҷӯён дар асоси озмун пас аз пардохти маблағи таҳсил ба суратҳисоби донишгоҳ то 25 августи соли 2008 сурат мегирад.

Суроғаи комплекси ягонаи
Таълимӣ дар ш. Хуҷанд .
ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин – 169
Телефонҳо: 6 -03-21, 4-08-63

Коммиссияи кабул

 
 
© 2008 ТГУК, Таджикистан
Hosted by uCoz