русский || тоҷикӣ || english

Университет
Ректорат
Вход в систему:
Логин:      
Пароль:     
  
Республика Таджикистан, Согдийский область, 375700 г. Худжанд ул. Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

Тоатов Ф.Х. Соли таваллуд 1978, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Тоатов Ф.Ҳ дар кафедраи «Ҷомеашиносӣ» КЯТ ДДТТ аз соли 2001 ба сифати ассистент фаъолият мебарад.

Тоатов Ф.Ҳ илмҳои «Идеологияи сиёсии замони муосир», «Сиёсатшиносӣ», «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба донишҷӯён таълим медиҳад. Дарсҳояш хело хуб ва шавқовар мегузаранд.

Тоатов Ф.Ҳ ҳар сол сарпарастии гурӯҳро ба ӯҳда гирифта, яке аз беҳтарин сарпараст ба ҳисоб меравад. Гурӯҳҳои муаллим пайваста дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ҷашнҳо фаъолона иштирок мекунад.

Барои донишҷӯёни таҳсилоти низоми кредитӣ «Силлабус»-барномаи таълимӣ аз фанни «Идеологияи сиёсии замони муосир» ва инчунин «Силлабус» аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.

Як мақолаи илмӣ-методиро бо забонирусӣ « Организация самостоятельной работы студентов в процессе преподавания гуманитарных дисциплин» дар Маҷмӯаи мақолаҳои илми-методии устодони кафедра «Фанҳои умумитаълимӣ» бахшида ба 80-умин солгарди Тоҷикматлубот аз чоп баровардааст. Мавзӯи тадқиқоти илмии Тоатов Ф.Ҳ «Рушди иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол (дар мисоли вилояти Сугд)» ба ҳисоб меравад. Доир ба ин мавзӯъ муаллим зиёда аз 8 мақолаҳои илмӣ аз чоп баровардааст. Имтиҳонҳои номзадиро аз фанни «Фалсафа» ва «Забони хориҷӣ» супоридааст. Дар конфронсҳои илмию назариявии донишгоҳ, шаҳрӣ ва вилоятӣ пайваста маърӯзаҳо менамояд.

Донишҷӯён низ дар зери роҳбарии муаллим ҳар сол дар конфронсҳои илмии донишгоҳ доир ба мавзӯъҳои фанни сиёсатшиносӣ ва фалсафа баромад мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
 
© 2008 ТГУК, Таджикистан
Hosted by uCoz