Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комплекси ягоная таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд
русский || тоҷикӣ || english

Университет
Ректорат
Вход в систему:
Логин:      
Пароль:     
  
Республика Таджикистан, Согдийский область, 375700 г. Худжанд ул. Ленина 169.
(т) +992 (3422) 4-33-15
(т) +992 (3422) 6-01-21
(т) +992 (3422) 6-01-22
(т) +992 (3422) 6-03-23
(т) +992 (3422) 4-08-63
(e) tguk-euk@yandex.ru

 
 

           Дониёрова Мунира Муҳаммадкуловна, соли таваллуд 1947, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои биология, дотсент.
            Дониёрова М.М дар кафедраи Ҷомеашиносии КЯТ ДДТТ аз соли 2001 ба сифати дотсент фаъолият кардааст.
            Дониёрова М.М илми Экология-ро ба донишҷӯён таълим медиҳад. Дарсҳояшро дар сатҳи (савияи) баланд ва хеле шавқовар мегузаронад, чунки таҷрибаи бисёрсолаи педагогӣ дорад. Дар давоми 20 сол фанни Экология-ро ба донишҷӯёни Донишкадаи Тиббии ҶТ меомӯзонид. Ғайр аз ин ҳар сол муаллима Дониёрова М.М сарпарастии гурӯҳро ба ӯҳда гирифта яке аз беҳтарин сарпараст ба ҳисоб мераванд. Гурӯҳҳои муаллима донишҳо ва одоби хуб дошта дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ҷашнҳо фаъолона иштирок мекунанд.
            Дониёрова М.М ба низоми кредитии таҳсилот гузашта яккумин шуда «Силлабус»- барномаи таълим аз фанни экология ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз нашр бароварданд. Дастури таълимиашон ҳам ба чоп тайёр аст.
            Мавзӯи тадқиқотҳои илмии муаллима Дониёрова ба «Экологияи растаниҳои шифобахши Осиёи Марказӣ» бахшида шудааст. Доир ба ин мавзӯъ муаллима зиёда аз 70 мақолаи илмӣ ва 1 монография эҷод кардаанд. Донишҷӯён ҳам дар зери роҳбарии муаллима ҳар сол дар конфронсҳои илмии донишгоҳ бо мавзӯъҳо доир ба масъалаҳои актуалии экологӣ баромад мекунанд. Муҳаррири «Маҷмӯи мақолаҳои илмии устодони Донишгоҳ» мебошанд.
            Дониёрова М.М дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии донишгоҳ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок мекунанд, аъзои Шӯрои занон ва Шӯрои сарпарастони донишгоҳ мебошанд. Омӯзгорон ва ҳамкорон ӯро ҳурмат мекунанд.

 
 
© 2008 ТГУК, Таджикистан
Hosted by uCoz